Adana Adıyaman Afyon Ağrı Aksaray Amasya Ankara Antalya Ardahan Artvin Aydın Balıkesir Bartın Batman Bayburt Bilecik Bingöl Bitlis Bolu Burdur Bursa Çanakkale Çankırı Çorum Denizli Diyarbakır Düzce Edirne Elazığ Erzincan Erzurum Eskişehir Gaziantep Giresun Gümüşhane Hakkari Hatay Iğdır Isparta İstanbul İzmir K.Maraş Karabük Karaman Kars Kastamonu Kayseri Kırıkkale Kırklareli Kırşehir Kilis Kocaeli Konya Kütahya Malatya Manisa Mardin Mersin Muğla Muş Nevşehir Niğde Ordu Osmaniye Rize Sakarya Samsun Siirt Sinop Sivas Şanlıurfa Şırnak Tekirdağ Tokat Trabzon Tunceli Uşak Van Yalova Yozgat Zonguldak
İstanbul °C

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод баъди таъмиру азнавсозӣ

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод баъди таъмиру азнавсозӣ
01.04.2023
A+
A-

 

 

 

 

 

 

Ифтитоҳи Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод баъди таъмиру азнавсозӣ
31.03.2023 , ноҳияи Зафаробод

Дар ҷараёни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозӣ дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ моҳи октябри соли 2022 оғоз гардида буд. Пудратчии иншоот Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “СМУ-1” мебошад.

Бинои Маркази саломатии деҳаи Зарафшони деҳоти Ҷомӣ якошёна буда, аз 3 толор, 9 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои табибони оилавӣ, муоинаи бемориҳои занона, доругузаронӣ, эмгузаронӣ, таҳлилгоҳу озмоишгоҳ, хатнаи кӯдакон, ташхиси ултрасадо, таваллуд ва баъди таваллуд иборат мебошад.

 

 

 

 

Баъди таъмиру азнавсозӣ имконият ва шароити ташхису табобат дар Маркази саломатии деҳаи Зарафшон бо ворид намудан ва муҷаҳҳаз гардонидани таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, ашё, дигар ҷиҳози зарурӣ мувофиқ ба талаботи замон, хубтару беҳтар ба роҳ монда шудааст.

Ба туфайли фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Зарафшон 9 нафар, аз ҷумла 1 табиб, 6 корманди миёнаи тиб, 1 корманди хурди тиб ва хоҷагидор бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.

Аксари мутахассисони соҳа, ки дар ин Маркази саломатӣ фаъолият мекунанд, сокинони ҳамин деҳот мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба мутахассисони Маркази саломатии деҳаи Зарафшон ва ҳам масъулони соҳаи тандурустии вилояту ноҳия дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ ба сокинон содиқона хизмат намоянд.

Аз усулҳои муосиру маъмули ташхису табобати беморон истифода намуда, хизматрасонии тиббиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Қобили тазаккур аст, ки баъди таъмиру азнавсозӣ намуди зоҳирӣ, дохили бино, ҳуҷраҳои ташхису табобат ва дигар намуди хизматрасониҳои тиббии Маркази саломатии деҳаи Зарафшон куллан дигаргун, барҳавою зебо, атрофи он кабудизору гулзор ва дилкашу гуворо гардидааст.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30381?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

REKLAM ALANI